Показаны записи 301-310 из 534
Ошиқон, қиссаҳои нав шунавед
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Ошиқон, қиссаҳои нав шунавед,
Ки шумо низ ошиқони навед!
Мерасад аз Худо навиди наве,
Мурдаед, аз насим зинда шавед!
Болиғӣ нею даъвии пирон,
Кишти худ норасида медаравед.
Мо гуҳар ёфтем, чанд шумо
Дар раҳи сангу хора чанд давед?
Он гуҳар бо шумо бинафрӯшем,
То ба дуккону хона дар гаравед.
Дар сафи сӯфиёни пандпазир
Гар муридони маслиҳатшунавед,
Доманафшон зи хонумон чу Камол,
Бар дари шайхи Маслиҳат биравед!
Арафоти ишқбозон сари кӯи ёр бошад,
Ба тавофи Каъба з-ин дар наравам, ки ор бошад.
Чу саре бар остонаш зи сари сафо ниҳодӣ,
Ба Сафову Марва, эй дил, дигарат чӣ кор бошад?
Қадаме зи худ бурун неҳ ба риёзи ишқ, к-он ҷо
На судоъи нафҳаи гул, на ҷафои хор бошад.
Ба маориҷи аналҳақ нарасӣ зи пои минбар,
Ки сарест ҷои ин сар, ки сазои дор бошад.
Зи майи шабона, соқӣ, қадаҳе нисори мо кун,
На аз он майе, ки ӯро ба саҳар хумор бошад.
Ба фиребу ваъда моро макуш, эй писар, ки ташна
Зи аташ бимирад авло, ки дар интизор бошад.
Накунад Камол дигар талаби ҳузури ботин,
Ки қароргоҳи зулфаш дили беқарор бошад.
Ошиқон рӯи туро нури мусаввар хонанд
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Ошиқон рӯи туро нури мусаввар хонанд,
Парда бардор, ки равшантар аз ин бархонанд.
Ашкрезони шабистони фироқ аз сари сӯз
Зулфу рухсори туро шамъи муанбар хонанд.
Гар намояд рухат аз дафтари хубӣ варақе,
Варақи дафтари гулро ҳама абтар хонанд.
Гар хаёли лабат оранд имомон ба намоз,
Баъди ҳар фотиҳае сураи Кавсар хонанд.
Аҳли дониш, ки расонанд ба поён ҳама илм,
Лавҳи ишқи ту чу абҷад ҳама аз бар хонанд.
Бо даҳонат сухани қанди мукаррар саҳл аст,
Сухани саҳл нашояд, ки мукаррар хонанд.
Дар ҳавоят зи сари завқ муаллақ бизанам,
Гар сӯи боми ту бозам чу кабӯтар хонанд.
Андалебони саҳархони хушилҳон дар рост
Сифати қадди ту бар шохи санавбар хонанд.
То ҳадис аз қади он сарви равон гуфт Камол,
Гуфтаи ӯ зи ҳадиси ҳама бартар хонанд.
___________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори
аввал ба хатти имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад.
** Лутфи сухан дар мисраъ вобаста ба мавқеи
ист (вергул) аст. Метавон онро чунин ҳам хонд:
ҳар чи пеш ояд туро, ин бор мебояд кашид.
___________________________________________
Ошиқон толибу соҳибназарон дар коранд,
Оқилон бехабару бехабарон ҳушёранд.
Хуфтаи субҳи азал рафт паси пардаи хоб,
То шабонгоҳи абад зиндадилон бедоранд.
З-офтоби рухат онон, ки намуданд тулӯъ,
Гоҳ мустағриқи нуранду гаҳе дар норанд.
Мӯсӣ аз нури таҷаллӣ «аринӣ» гуфту гузашт,
Ҳамчунин аҳли назар мунтазири дидоранд.
Дуди савдои ту дар хотири мо танҳо нест,
Ки бар ин оташ аз ин сӯхтагон бисёранд.
Ҳукм бар зоҳири пӯшида равон то накунӣ,
Ки дар ин хирқа басе сурату маънӣ доранд.
Бо хаёли рухи зебои ту асҳоби Камол
Тӯтиёнанд, ки аз оина дар гуфторанд.
Ошиқон дарди туро давлати афзун хонанд
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Ошиқон дарди туро давлати афзун хонанд,
Меҳнати ишқи туро бахти ҳумоюн хонанд.
Аҳли майхона дуои лаби ту ашкфишон
Зери лаб чун хати ҷом аз дили пурхун хонанд.
Ҷониби ҷому суроҳӣ набувад саҷдаи чанг,
Мутрибон гар сухане з-он лаби майгун хонанд.
Қиссаи гиряи ин ғамзада бо чашми пуроб
Мурғу моҳӣ ба лаби Даҷлаву Ҷайҳун хонанд.
Ман агар васфи ду абрӯи ту каҷ бинвисам,
Мардумаш з-он ҳаракатҳо ҳама мавзун хонанд.
Халқ хонанд маҳ аз содагӣ он рӯй, аҷаб,
Варақеро, ки бар ӯ хат набувад, чун хонанд?
Гар аз он ҳусн нависӣ сухани ишқ, Камол,
Дафтари шеъри туро Лайлию Маҷнун хонанд.
Ошиқонро ҷавру нози ёр мебояд кашид,*
Таъна аз душман, ҷафо з-ағёр мебояд кашид.
Ишқ ганҷ асту рақибо, андар ин раҳ ҳамчу мор
Баҳри ганҷи ишқ захми мор мебояд кашид.
Ҷаври ҳар ноаҳлу ноҳамвор баҳри ӯ кашам,
Баҳри як гул заҳмати сад хор мебояд кашид.
Ҳар ки дар доми балои ишқ чун Вомиқ фитод,
Ҷаври Узрои худаш ночор мебояд кашид.
Ҳамчу ғаввосони мискин аз барои гавҳаре
Заҳмати дарёи мардумхор мебояд кашид.
Чун ту дар баҳри амиқи ишқ афтодӣ, Камол,
Ҳар чи пеш ояд туро ин бор, мебояд кашид.**
Ошиқонат ба саҳарҳо, ки дуо мегӯянд
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Ошиқонат ба саҳарҳо, ки дуо мегӯянд,
Ба дуо бӯи ту аз боди сабо меҷӯянд.
Ман ба сар мераваму дида ба роҳи талабат,
Бераҳӣ, бин, дигаронро, ки ба по мепӯянд.
Чист бар куштаи дилдор ҳама гиряи зор,
Чу шудаш ҳар сари мӯ зинда, чаро мемӯянд?
Ашкҳоро бизан, эй дидаи гирён, ба замин,
То чаро хоки раҳаш аз рухи мо мешӯянд?
Бо вуҷуди қади дилҷӯю гули худрӯяш
Дар чаман сарву гул аз боди ҳаво мерӯянд.
Зулфи ӯ карда раҳо ғолиябӯёни Хито,
Нофаи оҳуи Чинро ба хато мебӯянд.
Шеъри ту чун ҳама гӯянд, ки сеҳр аст, Камол,
Дӯстони суханат шеър чаро мегӯянд?
Ошиқон хатти туро мушки Хито мегӯянд,
Гар хат он аст, ки дорӣ, на хато мегӯянд.
Тоқи абрӯи туро гӯшанишинони ҷаҳон
Қиблаи даъвату меҳроби дуо мегӯянд.
Бедилон захми туро марҳами ҷон мешумуранд,
Хастагон дарди туро айни даво мегӯянд.
Солҳо рафт, ки бар бӯи вафо мунтазирон
Қиссаи аҳди ту бо боди сабо мегӯянд.
Аҳли масҷид, ки дар эҳё чу Масеҳанд имрӯз,
Пеши лаълат ҳама аз илми шифо мегӯянд.
Хатти сабзу лаби майгуни туро зиндадилон
Ба латофат Хизиру оби бақо мегӯянд.
То ба васфи ту кушудем забон пеши Камол,
Қудсиён бар фалак аз гуфтаи мо мегӯянд.
Сабо зи дӯст паёме ба сӯи мо овард
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Сабо зи дӯст паёме ба сӯи мо овард,
Ба ҳамдамони куҳан дӯстӣ баҷо овард.
Расид боди масеҳодам, эй дили бемор,
«Барор сар, ки табиб омаду даво овард».*
Барои чашми заифи рамадгирифтаи мо
Зи хоки мақдами маҳбуб тӯтиё овард.
Хаёли ёр, ки бар сар табиби ҳозиқ ӯст,
Ба ҷони хастадилон муждаи шифо овард.
Шаби фироқ шуд ашки ду дида дурборон,
Чу дар хаёли худ он лаъли ҷонфазо овард.
Ҳамеша мардуми чашмам бараҳна бармегашт,
Надонам, ин ҳама борон худ аз куҷо овард?
Камол, донаи дил бо кабӯтаре дарбоз,
Ки номае ба ту аз ёри ошно овард.
_______________________________
* Мисраъ моли ҳофизи Шерозист
ва ин ғазал номаи Камол ба ӯст.
_______________________________
Сӯфӣ аз риндон бипӯшад май, ки дар хилват бинӯшад,
Шуд куҳан болои хумҳо хирқааш, то кай бипӯшад?
Далқу саҷҷода ниҳода дамбадам дар раҳни бода,
Боз дар бозори даъвӣ порсоиҳо фурӯшад.
Ман зи шавқи гулрухон нолам на аз ҷаври рақибон,
Гарчи хораш дил харошад, булбул аз мастӣ хурӯшад.
Бар рухат чун дида бинҳодам, сиришк омад ба ҷӯшиш,
Оби гарме мениҳам болои оташ, чун наҷӯшад?
Хуни дилҳо хуш наояд хӯрданаш бе нолаи мо,
Дилбари нозуктабиат бода бе мутриб нанӯшад.
Дидам он лаб бар вай аз мушки сияҳ ин хат навишта:
Гар на ширинист ин ҷо, ин ҳама мӯр аз чӣ ҷӯшад?
Ҷустуҷӯи он даҳон мекун, Камол, имкон ки ёбӣ,
Хотами Ҷам бо каф орад, ҳар ки дар ҷустан бикӯшад.
Шабе, ки рӯи ту моро чароғи маҷлис шуд
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Шабе, ки рӯи ту моро чароғи маҷлис шуд,
Ба сӯхтан дили парвонаваш муҳаввис шуд.
Ду чашмат аз дилу дин ҳар чӣ доштам, бурданд,
Тавонгаре, ки ба мастон нишаст, муфлис шуд.
Зи кимиёи назар чун ту хок зар созӣ,
Тафовуте накунад, гар вуҷуди мо мис шуд.
Дигар маро ба хаёлат зи бекасӣ чӣ малол,
Чу ғам рафиқу бало ёру дард мӯнис шуд.
Хуш аст мутрибу соқиву май ба як-ду ҳариф,
Дар ин шумор, ки кардам, рақиб содис шуд.
Касе, ки оқилу ҳушёр дидамеву баҳӯш,
Чу дид шакли ту, аз ҳуш рафту беҳис шуд.
Ба нақши абрӯи ту нест дар сарочаи ҳусн,
Ки дасти сунъ дар он тоқҳо муҳандис шуд.
Зи май ба даври ту парҳези мо на аз мо буд,
Дар ин ҷарима сабаб зоҳиди мувасвис шуд.
Камол, нусхаи риндӣ басе мутолиа кард,
Ки дар дақоиқи илми назар мударрис шуд.
Нашуд ба таври ғазал ҳаминони мо ҳофиз,
Агарчи дар сафи султон Абулфаворис шуд.
Шӯхӣ аз чашми ту аҷаб набувад,
Мардуми мастро адаб набувад.
Пеши рӯят ду зулф турфа фитод,
З-он ки як рӯзро ду шаб набувад.
Расани зулфи ту кашад дили ман,
Ошиқиро ҷуз ин сабаб набувад.
Ба даҳони туам зи бими рақиб
Сухане ҷуз ба зери лаб набувад.
Луқмаи дӯзах аст зоҳиди хушк ,
Қути оташ ба ҷуз хатаб набувад.
Шаби ҳиҷрон масӯз ҷони Камол,
Баъди мурдан азоби таб набувад.
Шаб, ки дар хилватам он шамъи шакарлаб бошад
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Шаб, ки дар хилватам он шамъи шакарлаб бошад,
Хоҳам аз бахт, ки рӯзам ҳамагӣ шаб бошад.
Гаҳ-гаҳ аз ҳасрати он лаб чу бибӯсам лаби ҷом,
Ҷомам аз хуни дилу дида лаболаб бошад.
Гар шифо ҷӯяд аз он лаб дили бемор, маранҷ,
Ҳарза гӯяд ҳама он хаста, ки дар таб бошад.
Бар рух аз дуди дили мост мураккаб хати ёр,
Гар надонад дигаре, ҷаҳли мураккаб бошад.
Аз рақибони чу ақраб зи дарат хоҳам рафт,
Гарчи хуш нест сафар, маҳ чу ба ақраб бошад.
Сари зулфи ту ба ёд ораму резам дури ашк
Дар шаби тира, ки омадшуди кавкаб бошад.
Чӣ аҷаб, гар назари лутфи ту бошад ба Камол,
Рӯҳро низ нигоҳе сӯи қолаб бошад.
Шабе, к-аз оташи ишқи ту ҷонам сӯхтан гирад,
Чароғи давлатам он шаб зи сар афрӯхтан гирад.
Чу зулфат боядаш умри дарозу ришта з-он афзун,
Гар ин чоки гиребонҳо рафиқе дӯхтан гирад.
Зи шодӣ барҷаҳам ҳар дам чу гандум бар сари тоба,
Гар он хат донаи дилҳо чу мӯр андӯхтан гирад.
Ба лаб бояд магас бигрифт ширинифурӯшонро,
Чу лабҳои ту дар ханда шакар бифрӯхтан гирад.
Зиёдат мекунӣ сӯзи дили мо аз шакарханда,
Намак бар реш агар резӣ, ҷароҳат сӯхтан гирад.
Зи роҳи Рум, гуфт, овард зулфам аз ҳабаш лашкар,
Ба Чин арзон шавад нофа, гар он ҳинду Хутан гирад.
Камол, ин нукта гар мурғе барад бар пар ба ҳиндустон,
Биёяд тӯтиву аз ту сухан омӯхтан гирад.
Сарви сиҳӣ ба бустон гар солҳо барояд
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Сарви сиҳӣ ба бустон гар солҳо барояд,*
Бо қадди дилрабоён дар ҳусн барнаояд.
Сӯфӣ, зи мо биёмӯз оини ишқбозӣ,
К-аз зоҳидони раъно ин кор камтар ояд.
Он зулфи анбарафшон пайваста бод дарҳам,
К-ӯ аз сиёҳкорӣ сар дар рухи ту сояд.
Кай бошад он, ки ояд боз аз насими кӯят
Бодеву дар тани мо ҷоне дигар фазояд?
Эй дил, зи ҷоми меҳнат чандон мабош ғамгин,
Бошад, ки субҳи давлат як рӯз рух намояд.
Моему остонат, то ҳаст зиндагонӣ,
Ё сар ниҳем он ҷо, ё худ даре кушояд.
Май хӯр Камолу бишкан номуси аҳли тақво,
Зеро ки некномӣ бо ишқ рост н-ояд.
__________________________________________
* Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори
аввал ба хатти имрӯзаи тоҷикӣ чоп мешавад.
__________________________________________
Сарви сиҳӣ дар бӯстон чандон ки боло мекашад,
Пеши қаду болои ӯ аз саркашӣ по мекашад.
Гар дӯстонро мекашад хотир ба боғу бӯстон,
Ҳар ҷо, ки бошад бӯи ту, моро дил он ҷо мекашад.
Пеши рухи ту мекашад хат донаи дилҳои мо,
Чандин ҳазорон донаро мӯре ба танҳо мекашад.
Нанвишт кас дар мактабе болотар аз Ёқут хат,
Болои ёқут ӯ хате, бингар, чӣ зебо мекашад.
Эй мавҷи ашк, ар бингарӣ, бигзашта дуд аз синаҳо,
Донӣ, к-аз он маҳ оҳи мо сар бар Сурайё мекашад.
Шармандаем аз носеҳи мушфиқ, ки дар ислоҳи мо
Ҳам заҳмати худ медиҳад, ҳам заҳмати мо мекашад.
З-он ғамза ҳар тире, ки дил орад ба даст, аз вай кашам,
Мискин Камол аз дасти дил ҳар дам аз инҳо мекашад.
Сарв агар аз қаду рафтор ба болост зиёд
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Сарв агар аз қаду рафтор ба болост зиёд,
Соя гаҳ-гаҳ чӣ аҷаб, к-аз ту зиёдат афтод.
Сарви болои туро сояи раҳмат бар ман,
Сояи раҳмати ӯ аз сари мо дур мабод!
Рост гӯянд, ҳавоест зи ту бар сари сарв,
Ки наҷунбад ба яқин ҳеч дарахте бе бод.
Муждаи омаданат бод ба гулзор овард,
Ҷаст озод зи ҷо сарву ба як по истод.
Сарв мехост, ки пеши қади ту сар биниҳад.
Дод барбод сару ин ҳавас аз сар наниҳод.
То қадат дид, ки бар дида нишондем, дигар
Боғбон сарви саҳиро ба чаман об надод.
Мекунад аз ситами сарвқадон нола Камол,
Булбул аз норвану сарв барорад фарёд.
Сарвро ҳар ки рост мегӯяд,
Қомати ёри мост, мегӯяд.
Чун даҳонат куҷост мегӯям?
Чун даҳонам куҷост мегӯяд?
Хабаре з-он миён чу мепурсам,
Олимуссирр Худост мегӯяд.
Мекунад дил ҳадиси бӯсу канор,
Дили ман ҳар чӣ хост, мегӯяд.
Чашми ҳилатгараш ба фатвии ишқ
Қатли ошиқ равост мегӯяд.
Абрӯяш гуфт фитна кори ман аст,
Каҷ нишастасту рост мегӯяд.
Он рух овард хат ба хуни Камол,
Хол бар хат гувост мегӯяд.
Сари зулфат намехоҳам, ки дар дасти сабо афтад
Дата добавления: 04.12.2015 Добавил: Администратор
Сари зулфат намехоҳам, ки дар дасти сабо афтад,
К-аз он ҷонҳо равад барбоду сарҳо зери по афтад.
Рақиби беҳунар то чанд аз ҳад по ниҳад берун,
Мабодо домани давлат, ки дар дасти гадо афтад.
Ба чини зулфат ар гуфтам, ҳадиси мушк, маъзурам,
Парешонгӯйро аксар суханҳои хато афтад.
Фалакро бо ҳама кӯшиш, ки солу моҳ паймояд,
Чунин моҳе напиндорам, ки андар қарнҳо афтад.
Бад-ӯ гуфтам: Бурун афтод рози ишқи мо аз дил.
Бигуфт: Аз чашми хунафшон ҳанӯзат то чиҳо афтад.
Ҳамехоҳам, ки чун обаш равонӣ ҷон барафшонам,
Вале бо ин ҳама мушкил, ки майли ӯ ба мо афтад.
Чӣ пурсӣ аз Камол охир, ки дур аз рӯи ӯ чунӣ?
Чӣ бошад ҳоли он булбул, ки аз гулшан ҷудо афтад?
Сари моро нарасад ин, ки ба пои ту расад,
Гар расад дида ба рӯи ту, барои ту расад.
Бар дилу ҷон чу ғаму дарди ту ёбанд насиб,
Ҷигари сӯхтаро доғу ҷафои ту расад.
Баъди садсола ҷафо бо мани аз ёр ҷудо
Гар кунад умр вафо, бӯи вафои ту расад.
Зоҳид аз бими бало сар ба дуо кард фурӯ,
Ошиқон рӯй ба боло, ки балои ту расад,
Дарди моро нарасад марҳаму дармон, чӣ кунам?
Гар расад доруе аз дори шифои ту расад.
Ба дарат мекунадам манъ зи дарюза рақиб,
Саг нахоҳад, ки насибе ба гадои ту расад.
Ҳоҷати ҳалқа задан нест дар ин боб, Камол,
Ин қадар бас, ки ба он гӯш дуои ту расад.
Показаны записи 301-310 из 534