Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ»

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» маркази илмӣ ва таҳқиқотиест, ки бо ҳадафи омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва маънавии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ таъсис ёфтааст. Марказ ҳамзамон ба таҳқиқоти илмӣ, тарҷума, таҳияи осор ва рушди камолшиносӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Муассиса моҳи сентябри соли 2014 бо ибтикори як гурӯҳ донишварони вилояти Суғд ва бо сарварии Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод таъсис ёфтааст. Аз моҳи ноябри соли 2014 то сентябри соли 2017 таҳти роҳбарии д.и.ф, профессор Фахриддин Насриддинов фаъолият бурд ва минбаъд роҳбарии он ба зиммаи шоир ва номзади илмҳои филология Баҳром Раҳматов вогузор гардид.

Фаъолияти кормандони Муассиса ба 3 бахши асосии зерин тақсим мешавад:

Адабиёт ва камолшиносӣ

Омӯзиш ва таҳқиқи жарфи ҳаёт, осор, ҷаҳонбинӣ ва ҷойгоҳи адабии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ.

Баррасии заминаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии даврони зиндагӣ ва эҷоди Шайх Камоли Хуҷандӣ.

Тарҷума, таҳия, тасҳеҳ ва ба нашр расонидани осори марбут ба Камоли Хуҷандӣ ва сарчашмаҳои вобаста.

Рисолат ва ҳадаф

Рисолати Марказ фароҳам овардани заминаи устувори илмӣ барои омӯзиши амиқи мероси Камоли Хуҷандӣ ва муаррифии арзишҳои адабӣ, ирфонӣ ва таърихии ӯ мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф, Марказ чунин самтҳоро пайгирӣ мекунад:

  • таҳияи китобшиносии Камоли Хуҷандӣ;
  • ҷамъоварии муҳимтарин нусхаҳои хаттӣ ва таҳияи девони мукаммали шоир;
  • фароҳам овардани маълумоти илмӣ аз сарчашмаҳои адабӣ, таърихӣ ва ирфонӣ;
  • омӯзиши тафсирҳо, шарҳномаҳо, табақот, муъҷамҳо ва ҳошияҳои осори фалсафӣ вобаста ба шахсияти Камол;
  • ба муомилоти илмӣ ворид намудани манобеи камомӯхташуда дар камолшиносӣ.

Самтҳои калидии таҳқиқот

Шарҳнависӣ

Яке аз вазифаҳои муҳимми Марказ шарҳу тавзеҳи осори Камоли Хуҷандӣ мебошад. Азбаски шеъри ӯ дорои маъниҳои баланди ирфонӣ ва ҳунарии чандқабата аст, Марказ ба таҳияи шарҳҳои муқаддамотӣ, нашри мақолаҳо ва китобҳои шарҳиву таҳқиқӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад.

Тасҳеҳи илмӣ-интиқодӣ

Марказ дар самти тасҳеҳи нави илмӣ-интиқодии девони шоир низ фаъолият мебарад. Ин кор ҷамъоварии ашъори пароканда, дурустхонии матнҳо ва ҷудо кардани ашъори шоирони дигарро аз девони Камол дар бар мегирад.

Тадвини «Донишномаи Камоли Хуҷандӣ»

Яке аз ҳадафҳои бунёдии Марказ таҳияи «Донишномаи Камоли Хуҷандӣ» мебошад. Ин донишнома бояд маълумоти фарогирро дар бораи зиндагӣ, осор, мавзӯъҳои шеър, ҷаҳонбинӣ, мақоми адабӣ ва ирфонии шоир, инчунин муҳити илмӣ ва адабии ҳамасрони ӯ дар бар гирад.

Андешаҳои ватандӯстонаи Камоли Хуҷандӣ ва дигар фарзандони фарзонаи халқамон сарчашмаи муҳимми тарбияи ойини ватандорӣ барои насли имрӯз ба шумор мераванд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ муассисаи давлатии илмӣ-таҳқиқотӣ буда, ба омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва ирфонии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ машғул аст. Марказ соли 2014 таъсис ёфта, имрӯз бо иштироки муҳаққиқон ва донишмандон дар самтҳои адабиёт ва камолшиносӣ, таҳқиқоти таърихӣ, тарҷума ва таҳияи осор фаъолият менамояд.