Газели


Показаны записи 151-160 из 534

Гар гузорӣ, ки бо ту мо нигарем

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Гар гузорӣ, ки бо ту мо нигарем, Хоки поят ба чашмҳо бихарем. То бибӯсем остони туро, Ҳалқа-ҳалқа нишаста гирди дарем. Гар ғаромат ситонӣ, аз инсоф Сару дида ниҳода дар назарем. Гуфтаӣ: Як шабам бибар сӯи хеш! Мо аз он кӯй ҷон чӣ гуна барем? Ахтаре чун ту гар ба мо гузарад, Ба баландӣ зи осмон гузарем. Кешат аз тир шуд тиҳӣ, дил пур, Пурдилӣ бин, ки ҷумларо сипарем. Гарчи оташ задӣ ба ҷони Камол, Дар муҳаббат ҳанӯз тезтарем. Гар ман аз ишқи он ду рух мирам, Эй гули равза, доманат гирам! Кош созанд аз гилам мурғе, То камонабрӯе занад тирам. Дидам он рух ба хоби хуш саҳаре, Бахту рӯзи накӯст таъбирам. Пеши рӯ ар нишониям чун зулф, Бояд аввал ниҳод занҷирам. Шуд сапедам чу шир мӯю ҳанӯз Бо бути тифл чун маю ширам. Ҳирси пирон фузун бувад ба бутон, Дарк дор, эй ҷавон, ки ман пирам. Пеши лаб хат кушоду гуфт: Камол, Лутфи таҳрир бину тақрирам.

Гар диҳад дастам, к-аз он ораз ниқобаш барканам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Гар диҳад дастам, к-аз он ораз ниқобаш барканам, Бӯсае ду аз рухи чун офтобаш барканам. Талх гардад коми айши ман, чу дандони тамаъ Аз лаби ширини чун ҳалвои нобаш барканам. Пеши чашми ман муқобил ҷуз хаёли рӯи дӯст Ҳар кӣ зад хайма, ҳама меху танобаш барканам. Сарвро пеши қади ӯ боғбон гар баркашид, Ман равам бо чашми гирён, то ба обаш барканам. Наргис, ар гӯяд: Мисоли ғамзааш дидам ба хоб. Дар назарҳо чашми масти нимхобаш барканам. То ҳадиси ӯст нуқли маҷлиси пири муғон, Дил куҷо як лаҳза аз нуқлу шаробаш барканам? Гар шавад мутриб хамӯш, бо ӯ чу май нӯшад Камол, Бишканам чашми наю гӯши рубобаш барканам. Гар коми худ аз лабат бигирам, Чун Хизр ба солҳо намирам. З-он дам, ки ту омадӣ ба хотир, Фикри ҳама рафт аз замирам. Дорам зи ғами ту бар дили реш Дарде, ки даво намепазирам. Чун зулфи ту гар дароям аз пой, Ҳам зулфи ту бод дастгирам! Эй боди баҳор, к-аз ту хушбӯст Маҷлис ба равоеҳи абирам, Бигзар ба Хуҷанду гӯ, ба ёрон Аз ман, ки ба шаҳри Чин асирам. З-он бурд Камол, ҷавр аз он шӯх, К-ӯ мӯҳташам асту ман фақирам.

Гар худ ҳазор санги маломат ба сар хӯрам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Гар худ ҳазор санги маломат ба сар хӯрам, Чандон ки зиндаам, ғами он симбар хӯрам. Обе, ки аз сафоли сагонаш равад ба ҳалқ, Беҳ з-он шароби лаъл, ки аз ҷоми зар хӯрам. Резам ба бода хуни ҷигар, гар барам ба кор, Бе рӯи ёр бода ба хуни ҷигар хӯрам. Тире ба чашм хӯрдаму серӣ нашуд аз он, Бифрист дигаре, ки ба чашми дигар хӯрам. Ояд хушам чу бод, ки бар наргисе занад Муште, ки аз рақиби ту бар чашми тар хӯрам. Умр аст ёру халқи ҷаҳон дар дуои ӯ, Ман дар дуои хеш, ки аз умр бар хӯрам. Гуфтӣ: Сухан магӯй, Камол, он даҳан бибӯс! Ман тӯтиям, сухан кунам, он гаҳ шакар хӯрам. Гар дил талабӣ аз ман, ҷон ҳам ба ту дарбозам В-аз дидаи хунафшон он низ равон созам. Дар пои ту ғалтидан корест писандида, Коре, ки чунин бошад, ҳар дам зи сар оғозам. Гуфтам, ки: Чӣ расм аст ин бар рӯи ту бурқаъ? Гуфт: Расмест баду хоҳам, к-ин расм барандозам. Гар шамъ расад дар ту, бигзорамаш аз ғайрат, Боре чу ҳамесӯзам, бигзор, ки бигдозам. Аз заъф чунон гаштам, к-ин қисса агар гӯям Ҳамчун паша дар гӯшат, ҳам нашнавӣ овозам. Зулфи ту ба ҷону сар бастаст гарав бо ман, То ту барӣ ин бозӣ, ман каҷтар аз ӯ бозам. Гар чашми Камол аз ту бар ҷону ҷаҳон афтад. Бо мардуми дунҳиммат минбаъд напардозам.

Гар ту сар хоҳӣ зи ман, сар бо ту биспорам, ба чашм

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Гар ту сар хоҳӣ зи ман, сар бо ту биспорам, ба чашм, Сар чӣ бошад, ҳар чӣ дорам дар назар, орам ба чашм. Гуфтаӣ: Бардор, аз хоки дари мо рӯи хеш! Гарчи гард аст он на рӯ, он гард бардорам ба чашм! Гуфтаӣ: Наззораи рӯям ба чашми ман гузор! Чун ту чашми дигарӣ, ғам нест, бигзорам, ба чашм! Гуфтаӣ: Аз дур бишмар иқдҳои зулфи ман! Гарчи бе ангушт душвор аст, бишморам ба чашм. Гуфтаӣ: Сарномаи ишқам ба хуни дил нигор! Созам аз мижон қалам в-он нома бингорам ба чашм. Гуфтаӣ: Поям бибӯс, озурдаи мижгон масоз! Мардуми чашми дили мардум наёзорам ба чашм. Гуфтаӣ: Аз мо нигаҳ дор обрӯи худ, Камол! Хоки кӯи туст оби рӯ, нигаҳ дорам, ба чашм! Гар ҷон зи мани дилшуда хоҳӣ, бисупорам В-ар дидаи равшан талабӣ, дар назар орам. Ронӣ зи дари хешаму сад узр биёрӣ, Савганд ба ёрӣ, ки ман он дар нагузорам. Гар чашми туро ёркушӣ рӯй намудаст, Ман низ бад-он шева, ба чашми ту, ки ёрам. Гуфтам ба қадаш: ҳеч надорӣ сӯи мо майл. Гуфто, ки: Бале, ман алифам, ҳеч надорам. Дӣ гуфт: Бикаш бори ғаму бори фироқам! Чун мекашам, аз баҳри чӣ фармуд ду борам? Хунҳо равад аз рашк миёни ману мардум, Ҳар бор, ки чун ашк дароӣ ба канорам. Гар бигзарад ӯ пеши Камол аз раҳи таъҷил, Хун гиряму гил созаму он роҳ барорам.

Гар ба майхона ҳарифи маю шоҳид бошам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Гар ба майхона ҳарифи маю шоҳид бошам, Беҳ, ки дар савмаа биншинаму обид бошам. Вақти он шуд, ки иқомат ба харобот кунам, То ба кай мӯътакифи гӯшаи масҷид бошам? Домани пири муғон гар фитад ин бор ба даст, Мани саргашта чаро толиби муршид бошам? Солҳо бар дари майхона нишинам беҳ аз он, Ки аз ин гӯшанишинони муқаллид бошам. Зӯҳд дар савмаа меварзаму ин риндӣ нест, Риндӣ он аст, ки дар майкада зоҳид бошам. Ёр агар з-оҳи мани хаста накӯ андешад, Фориғ аз қасду бадандешии ҳосид бошам. Зиндагӣ дар сари тақво шуду ҳайф аст, Камол, Ки ҳама умр дар ин фикрати фосид бошам. Гар бе ту як-ду дам мани бемор зистам, Аз ғамзаи ту хаставу афгор зистам. Аз ман чу нимнози дигар доштӣ дареғ, Чун сайди нимкушта ба ночор зистам. Тан гарчи рӯзи ҳаҷр задӣ, боз шуд ҳалок, Шармандаам зи ёр, ки бисёр зистам. Ризвон ба равза, Хизр ба оби ҳаёт зист, Ман бо хаёли он лабу рухсор зистам. Кавсар зи санги турбати ман гар чакад, равост, Чун солҳо ба ёди лаби ёр зистам. Ҳар бор, к-аз карашма маро ғамзаи ту кушт, Аз завқи куштани ту дигар бор зистам. Гуфтӣ, кушам зи ҷумла туро пештар, Камол, Ман бештар барои ҳамин кор зистам.

Қадаҳе биёр, соқӣ, ки зи зӯҳд шармсорам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Қадаҳе биёр, соқӣ, ки зи зӯҳд шармсорам, Сари он надорам акнун, ки ба зӯҳд сар дарорам. Ман аз он майе, ки хӯрдам зи азал ба ёди лаълат, Ба ду чашми ниммастат, ки ҳанӯз дар хуморам. Наравам ба таъни душман зи дараш ба ҳеч боме, Ки саре ниҳодам ин ҷо, ки ба теғ барнадорам. Ба назораи гулистони ҷамоли ӯ чу наргис Ҳама чашм бошам он дам, ки зи хок сар барорам. Зи майи муғона имшаб каму беш ҳар чӣ бошад, Бидиҳед, эй ҳарифон, мадиҳед интизорам. Қадаҳе намой, соқӣ, ки расам ба дайри маънӣ, Ки зи хонақоҳи сурат накушод ҳеч корам. Чӣ зиён, агарчи гаштам чу Камол ринду ошиқ, Ки зи зӯҳду некномӣ ҳама умр буд орам. Қароре кардаам бо худ, ки чун дар пеши ёр афтам, Ба хоки пои ӯ бехуд биғалтам, беқарор афтам. Маро гӯянд чун бинӣ зи дураш, бехабар афтӣ, Ду чашмам чор шуд, то кай ба он маҳваш дучор афтам? Бад-он савдо, ки аз боғи ҷамоли ӯ барам бӯе, Чу зулфаш гоҳ дар гулшан, гаҳе дар лолазор афтам. Сари ҷони гиромӣ чун надорад қадр чандоне, Чу инҳо пеши ӯ резам, зи рӯяш шармсор афтам. Ба новакҳои сайдафкан, хушо он ғамзаву мижгон, Ки ҳар як дар шикор афтанду ман ҳам дар шикор афтам. Самоъи ту куҷо монад ба ҳолоти ман, эй сӯфӣ, Ки ту қасдан ба рақс оиву ман беихтиёр афтам. Ба зикру фикр агар рафтӣ, Камол, инак туву хилват, Маро бигзор, то дар фикри рӯи он нигор афтам.

Ид меояду вақт аст, ки дар маҳ нигарем

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Ид меояду вақт аст, ки дар маҳ нигарем, Парда баргир, ки аз маҳ ба ту муштоқтарем. Аз ҷамоли ту, ки ид асту ба маҳ монад рост, Гар гуморем назар бар маҳи нав, каҷназарем. Ҳаст дар иди дигар куштани мо фикри баид, Пеши рӯи ту чӣ мӯҳтоҷ ба иди дигарем? Сари зулфат шаби қадр асту ғанимат шаби қадр, Як шаб он иқд бигирему ғанимат шумарем. Соқиё, бода деҳу нуқл, ки шуд навбати он, Ки дигар рӯза хӯрему ғами фардо нахӯрем. Паст шуд ғулғули тасбеҳу таровеҳу ҳанӯз, Ба ҳақи рӯза, к-аз он валвала бо дарди сарем . Рӯза хӯрдему қасам ҳам ба намози ту, Камол, Ки дигар дарди сари хеш ба масҷид набарем. Fами дӯст ман муғтанам мешуморам, Нишоте, ки бе ӯст, ғам мешуморам. Ситамҳо, ки хотир надорад шумораш, Аз он ғамза айни карам мешуморам. Гадои туро подшаҳ мешиносам, Фақири туро мӯҳташам мешуморам. Ту ширинтарӣ, гуфтамаш, ё даҳонат? Бигуфто, ки ӯро адам мешуморам. Зи рӯи ту маҳро ба мизони ақлӣ Агар пур шавад низ, кам мешуморам. Қадам то наёвардаӣ дар раҳи ишқ, Наранҷӣ, гарат беқадам мешуморам. Камолат зи ҷон банда шуд, хоҷагӣ бин, Ки худро чунин мӯҳтарам мешуморам.

Умрест, к-аз диёри ту маҳрум мондаам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Умрест, к-аз диёри ту маҳрум мондаам В-аз шавқномаҳои ту сатре нахондаам. То доманат ба дасти иродат гирифтаам, Доман зи ҳар чӣ ғайри ту бошад, фишондаам. Дар ҳайратам, ки бе ту чаро мурда нестам? Дар хиҷлатам, ки бе ту чаро зинда мондаам? Аз баҳри гарди сумми саманди ту ҳар даме Гулгуни ашк дар ақибат тунд рондаам. Безорам аз вуҷуди худ аз моҷарои ту, Ин бо Камоли содадарун бозрондаам. Умрест, ки аз хилват дар майкада мастурем, Шаб масту саҳаргоҳон чун чашми ту махмурем. Кас бӯи риё нашнид аз хирқаи мо - риндон, Чун дур ба сад фарсанг аз зоҳиди мағрурем. Ҳайрони ҷамоли ту мо - сӯхтагон як-як Парвонаи он шамъем, мустағриқи он нурем. Пай бурда ба кӯи ту, то ёфта бӯи ту, Осуда ба рӯи ту аз ҷаннату аз ҳурем. Эй ҷони гаронмоя, ту нуриву мо соя, Бо мо чу ту наздикӣ, мо аз ту чаро дурем? То дарди диле гӯем, ку бо ту маҷоли он Фарёд, ки натвон кард фарёд, ки ранҷурем. Гӯянд, Камол аз ишқ шуд шӯҳра ба гумномӣ, Чун зарра гумем, аммо аз меҳри ту машҳурем.

Сӯҳбати зулфи каҷат рост наёяд ба қалам

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Сӯҳбати зулфи каҷат рост наёяд ба қалам, Моҳи нав бошад аз абрӯи ту бисёре кам. Ту ба хубӣ на чунонӣ, ки шикеб аз ту тавон, Ҳама савдои ту доранду мани ғамзада ҳам. Бо ҳама ранҷи ғарибиву ғами танҳоӣ Чун ғами ишқи туам мӯниси ҷон аст, чӣ ғам? Куштаи ишқи ту ҳаргиз накунад майли ҳаёт, Хастаи теғи ту қатъан напазирад марҳам. Чашмам, ар тира шуд аз фурқати рӯи ту, равост, Зуд ёбад халал он хона, ки бошад пурнам. Рӯзгорест, ки хоки қадами туст Камол, Ба вафоят, ки макаш доман аз ин хоки қадам. Ишқи ту доғи бандагӣ боз ниҳод бар дилам, Ному нишони муқбилӣ шуд ба ғами ту ҳосилам. Пеши ду дида қадри ман бин, ки миёни мардумон Fайри хаёли рӯи ту кас наниҳад муқобилам. Дарди дилам, табиб, гӯ, зуд макун муолиҷат, Пурсиши дер-дери ту беҳ зи шифои оҷилам. Нест азоб, хондаам, номзади биҳиштиён, Аз назарам марон, чу шуд хоки дари ту манзилам. Дил зи рақиб мекунад фикр, ба ман чу бигзарӣ, Ҳайф, ки бигзарад чунин умр ба фикри ботилам. Бар сари хоки ҳар касе лола бирӯяд аз ҳаво, Ман чу равам дар ин ҳавас, нола барояд аз гилам. Гуфт: Камол, оқибат дар сари зулфи мо расӣ, Ҳам бирасам ба шаст, чун умр гузашт аз чилам.

Сӯҳбати ёр биҳиштест пур аз нозу наим

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Сӯҳбати ёр биҳиштест пур аз нозу наим, Эй, хуш он дам, ки ба мо ояд аз он равза насим. Ҳур, чашми сияҳат хонд беҳ аз наргису гуфт: Натавон хонд аз ин беҳ, ки саводест сақим. Нест хоки дари ӯ холӣ аз омадшуди ашк, Рӯ ниҳад соили афтода ба даргоҳи карим. Мекунам бому дари дида ба хуни мижа нақш, То шавӣ аз паи наззора дар он гӯша муқим. Як диле дораму хоҳад зи ман он ғамзаву хол, Теғи ҳиндуст, чу дар пеши ту созад ба ду ним. Дид нақши даҳанат дил, чу ба рух фол кушод, Бас маломат кашад аз ишқи ту, чун ояд мим. Бар қадамҳои ту хоҳад, ки занад бӯса Камол, Боз бинмо қадаме хоса ба муштоқи қадим. Сад ҷон зи лабат ба вом гирам, То пеши ту дамбадам бимирам. Чандон ки ба хеш мекунам фикр, Ҷуз фикри ту нест дар замирам. Эй дуст, ки панд хоҳиям дод, Хомӯш, ки душманат нагирам. Сад дил диҳамаш, агар пазирад, Гӯед ба ёри дилпазирам. Бе зулфу рухаш наметавон буд, Чун нест зи ҷону сар гузирам. Дар ғорати ғамзаҳош карданд Туркони сиёҳдил асирам. Зад ғамза сӯи Камолу мегуфт: Афсӯс, ки ҳайф рафт тирам.

Показаны записи 151-160 из 534