Газели


Показаны записи 101-110 из 534

Гар қадди ҳамчу сарваш дар бар тавон гирифтан

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Гар қадди ҳамчу сарваш дар бар тавон гирифтан,* Умри гузашта дигар аз сар тавон гирифтан. Гӯянд: Дил зи хубон баргир! ҳошалиллаҳ!** Ҳаргиз! Чӣ гуна аз ҷон дил бартавон гирифтан?! Дар умри худ гирифтам як бӯса аз даҳонаш, Гар бахт ёр бошад, дигар тавон гирифтан. Ҳаргиз бувад, ки як шаб маст аз дарам дарояд, К-он фитнаро ба мастӣ дар бар тавон гирифтан. То кай ба бӯи васлаш миҷмар тавон ниҳодан? То кай ба ёди лаълаш соғар тавон гирифтан? Ҷону сару дилу зар кардам нисори пояш, Баҳри матои саҳле дил бартавон гирифтан. Доим Камол шеъраш дар рӯи худ бимолад, Сеҳри ҳалол бошад, дар зар тавон гирифтан. _______________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад. ** ҳошалиллаҳ - 1. Худо нигаҳ дорад! 2. ҳаргиз, ҳеч гоҳ, мабодо. _______________________________________ Ману меҳнати ту, зиҳӣ роҳати ман! Чӣ роҳат, ки бахти ману давлати ман! Чу ман бо ту бошам, зиҳӣ роҳати ту, Агар ин набошад, зиҳӣ меҳнати ман! Ба дашноми ман ранҷа гаштӣ, шунидам, Зиҳӣ хории ту, зиҳӣ иззати ман! Ману иқтидо бо ту дар ҳар намозе, Ҳамин аст то зиндаам нийяти ман. Ғамам, гӯ, махӯр, чунки он ёри дерин Накӯ мешиносад ҳақи неъмати ман. Зи тасдеъ метарсам, эй ҷон, равонтар Зи хоки дари ӯ бубар заҳмати ман. Камол, ин шараф то қиёмат туро бас, Ки гӯяд фалонист дар хидмати ман.

Гар шабе он маҳ зи манзил бе ниқоб ояд бурун

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Гар шабе он маҳ зи манзил бе ниқоб ояд бурун, Аз сари шаб то дами субҳ Офтоб ояд бурун. То ба чашми мо хаёли он лаб омад, хоб рафт, Чун намак афтад даруни чашм, хоб ояд бурун. Аз ҷигар хуне, ки резам, дил ғизо месозадаш, Қути оташ бошад он хун, к-аз кабоб ояд бурун. Ҳар куҷо бошад нишони пои ӯ, он ҷо ба чашм Хок бардорем чандоне, ки об ояд бурун. Кай бурун ояд лабат аз ӯҳдаи бӯсе, ки гуфт?! Чун муҳол аст оби ҳайвон, к-аз сароб ояд бурун. Хирқаҳои сӯфиён дар даври чашми масти ту Солҳо бояд, ки аз раҳни шароб ояд бурун. Бо ҳама тақвою зӯҳд, ар бишнавад номат Камол, Аз даруни савмаа масту хароб ояд бурун. Мо боз дил ниҳодем бар ҷаври дилситонон, Моро ба мо гузоред, ёрону меҳрубонон! Аз бими бадзабонон бурдан наметавонем Илло ба зери лабҳо номи шакардаҳонон. Бо чашму ғамзаи ту афтода ҷони ширин Ҳамчун мавиз амонат дар дасти туркмонон. Холи ту хӯрд хунам, то дошт боғ он рух, Оре, ҳаромхора бошанд боғбонон. Дар зулфи ту муқайяд ҷонест ҳар танеро, Бигзор, то фишонанд он зулф ҷонфишонон. Чашмон ба куштани мо то чанд ранҷа созӣ? Бахшой, то тавонӣ бар ҷони нотавонон. Дилбар чу хат бирорад, сӯзад, Камол, ҷонат, Ин ҳарф ёд дорам аз нонавиштахонон.

Корам зи даст шуд, назаре кун ба кори ман

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Корам зи даст шуд, назаре кун ба кори ман,* Бингар ба кори банда, Худовандгори ман! Фориғ шудам зи ҷаннату фирдавсу ҳури ин, То уфтод бар сари кӯят гузори ман. Бас ҷони нозанин, ки чу гул меравад ба бод Дар пои сарви нози ту, эй гулузори ман! То ҷилва кард сарви қадат бар канори чашм, Холӣ нагашт оби равон аз канори ман. Гуфтӣ: Шабе биёяму бистонам аз ту ҷон. Зинҳор, ҷони ман, ки мадеҳ интизори ман! Вақте, ки бигзарӣ ба сари турбати Камол, Роҳат расад басе ба тани хоксори ман. _______________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори аввал ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ нашр мешавад. _______________________________________ Гар сар зи теғи тезат дорад сари буридан, Ман бори сар нахоҳам бори дигар кашидан. З-ин сон, ки ҷон ба ё Раб з-он ғамза хост тире, Як тир бар нишона хоҳад яқин расидан. Ҳар кас ба дафъи дарде ором ёбаду ман, То дарди ӯ наёбам, натвонам оромидан. Гар порсо бихонад дар зери лаб дуое Баҳри шифои дардам, нагзорамаш дамидан. Ҳар шарбате, к-аз инам ранҷуртар насозад, Гар ташналаб бимирам, натвонамаш чашидан. Ҳикматфурӯш то кай марҳам ҳамекунад арз? Мо хастагон нахоҳем инҳо аз ӯ харидан. Гӯши Камол пур шуд аз оҳи дардмандон, Дигар наметавонад номи даво шунидан.

Қад аст он, ё алиф, ё сарви симин

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Қад аст он, ё алиф, ё сарви симин, Бигӯям рост, ҳам ониву ҳам ин. Хати сабзат зи рух дил бурдан омӯхт, Ки тӯтӣ гирад аз оина талқин. Зи беморӣ маро дарди саре нест, Чу хоки остони туст болин. Ба рӯят зулфро тайи макон аст, Ки шаб дар Рум бошад, рӯз дар Чин. Зиҳӣ Фарҳоду ширинкории ӯ, Ки дунё карду дин дар кори Ширин. Беҳ аз Фарҳод марди бори ғам нест, Ки бори ошиқӣ борест сангин. Камол, аз лутфи он лаб гӯву рухсор, Ки хуш бошад ҳикоятҳои рангин. Кӣ хабар барад ба ёр аз мани мубталои ғамгин, Ки лабаш бирехт хунам ба баҳонаҳои рангин. Шаби ҳаҷри дилфурӯзон чу саҳар надорад имшаб, Ту ҳам, эй чароғи маҷлис, ба умеди субҳ маншин! Сари мо дигар нахоҳад ба вуҷуди остонат, Ки ба хок ҳам бубинад ҳама умр нақши болин. Ба суманбарони бӯстон бибар, эй сабо, паёме, Ки ба булбули хушилҳон накунед ноз чандин. Агар оядам ба хилват чу ту сарви гулузоре, Накунем майли саҳро ба тафарруҷи раёҳин. Дил аз ин каманди савдо, аҷаб, ар халос ёбад, Магар он, ки ту кушоӣ гираҳе зи зулфи мушкин. Чӣ ғариб, илтифоте ба Камол агар намоӣ, Ки кунанд подшоҳон назаре ба ҳоли мискин.

Тӯтӣ лаби ту диду дарафтад дар сухан

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Тӯтӣ лаби ту диду дарафтад дар сухан,* Бурд аз даҳони танги ту тунги шакар сухан. Аз фундуқи ту ҳеч нахезад ба ҷуз набот, Дар пистаи ту ҳеч нағунҷад, магар сухан. Аввал ҳадиси рӯи ту гӯянд булбулон Бар шохсори гул, чу дароянд дар сухан. Бо аҳли ишқ одати ту талх гуфтан аст, Оре, чу аз лаби ту надорад хабар сухан. Дилро ба пеши лаъли ту қалб аст нақди ҷон, То ҳамчу сикка бо ту нагӯяд ба зар сухан. Барбод рафт умри азиз, охир, эй сабо, Дар пеши он нигор бигӯ ин қадар сухан. Мақсуди гуфтугӯи Камол аз миён туӣ, Гуфт он чӣ дошт бо ту, нагӯяд дигар сухан. _________________________________ * Мисраъи аввали ин ғазал дар нусхаи чопи Душанбе чунин сабт шуда: «То тӯтии лаби ту дарафтод дар сухан» ва пайдост, ки хатои қалами котиб аст. ________________________________________ Ишқ ҳолест, ки Ҷабрил бар он нест амин, Соҳиби ҳол шиносад сухани аҳли яқин. Ҷуръае бар сари хок аз майи ишқ афшонданд, Аршу курсӣ ҳама бар хок ниҳоданд ҷабин. Мурғи фирдавс дар ин парда навозад дастон, Тӯтии қудс аз ин оина гирад талқин. Аҳли фатво, ки фурӯрафтаи килку варақанд, Мушриконанд, ки иқрор надоранд ба дин. Муфлиси ишқ надорад ҳаваси мансабу ҷоҳ, Хоки ин роҳ беҳ аз мамлакати рӯи замин. Шаби қурб аст, марав, эй дили ҳақдида, ба хоб, Ки сари зиндадилон ҳайф бувад дар болин. Эй ки равшан нашудат ҳоли дили сӯхтагон, Ҳамчу шамъ аз сари ҷон хезу бар оташ бинишин. Бод равшан ба тамошои рухат чашми Камол, Ин дуоро зи ҳама халқи ҷаҳон бод омин!

Шаҳи лашкаркаши мо бурд аз мо ақлу ҳушу дин

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Шаҳи лашкаркаши мо бурд аз мо ақлу ҳушу дин, Чаро он турки кофиркеш ғорат мекунад чандин?! Дар он саф, к-ӯ сипаҳ ронад ба қасди ғорати дилҳо, Диле, к-он ҷо нахоҳад шуд асири ӯ, зиҳӣ мискин! Чу дуди оҳи худ бо ӯ расондам, сӯхт чашмонаш, Чӣ бинӣ зарқи худ, сӯфӣ, ту кофирсӯзии ман бин! Ҷаҳонгирӣ ҳамин бошад, ки чун бурқаъ барандозӣ, Рухат филҳол бикшояд Хито, зулфат бигирад Чин. Маро ҳар лаҳза бо тири ту ҷанги дигаре бошад, Чу бинам нӯги он пайкон ба хуни дигаре рангин. Ба Гулгун гар ҳавас дорӣ, ки биншинӣ ба Ширинӣ, Ду чашмам шуд ба хун гулгун, биё, бар чашми ман биншин! Камол, имсол чанде шуд ғазал бар асп гуфт аскар, Суханҳои сариаспӣ набошад ғолибан беҳ з-ин. Ошиқи кист дилам, боз нахоҳам гуфтан, Сари мӯе ба кас ин роз нахоҳам гуфтан. Васфи он рӯй, к-аз осеби назарҳост ниҳон, Пеши риндони назарбоз нахоҳам гуфтан. Гар бипурсад зи ман он ғамза, ки хуни ту кӣ рехт? Ҳаргиз ин роз ба ғаммоз нахоҳам гуфтан. Гилаву нозу итоби ту ба он абрӯву чашм Гар кушӣ сад раҳам аз ноз, нахоҳам гуфтан, Пеши болот, к-аз ӯ шӯҳрати Тӯбо паст аст, Сухани сарви сарафроз нахоҳам гуфтан. Дар мақоме, ки биронам сухан аз сангдилон, Ҷуз ҳадиси ту дар оғоз нахоҳам гуфтан. Гар бигӯям зи саги кӯи ту васфе ба Камол, Ҷуз ба икрому ба эъзоз нахоҳам гуфтан.

Шабе хоҳам чу шамъаш лаб газидан

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Шабе хоҳам чу шамъаш лаб газидан, Бад-ин қавлам забон бояд буридан. Чу он лаб дар хаёл орад ду чашмам, Чу об аз нозукӣ гирад чакидан. Надонам ашки хунин аз паи кист, Ки дам бар дам фитодаш аз давидан. Маро чашмӣ, гарат бинам, чӣ бошад, Ба чашми худ гуноҳе нест дидан. Ҳадиси ҳусни гул нозук ҳадисест, Зи булбул бояд ин маънӣ шунидан. Магӯ, эй боғбон, бугсил аз он сарв, Ки ҳайф аст аз чунон сарве буридан. Камол, он зулф дол асту хаёл аст Чунон доле ба ангуштон кашидан. Шабе нагзарад бар ду чашм ашки гулгун, Ки аз дидаи мо наёрад шабехун. Гар он маҳ пазирад зи ман оҳу нола, Аз ин сон матоаш фиристам ба гардун. Хаёлат чу бар оби чашмам нишинад, Бигӯянд: Биншаст Ширин ба Гулгун. Куҷо истанд оҳувон пеши чашмат, Ки доранд аз ту ҷигарҳои пурхун. Чу ёд ояд он абрувон дар намозам, Нахонам ба меҳроб ҷуз сураи Нун. Зи лаб хастагонро диҳад нӯшдору, Табиби шифобахш бошад ба Қонун. Камол, аҳли ҳикмат чу шеъри ту хонанд, Аз ин хуб таркиб созанд маъҷун!

Сӯхт ҷонам, то зи бод афтод зулфат бар зақан

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Сӯхт ҷонам, то зи бод афтод зулфат бар зақан, Ташнаро ҷон сӯзад, оре, чун ба чоҳ афтад расан. Дида то мими даҳону нуни абрӯи ту дид, Нақши он бастам ба дил, чун буд ҳар ду нақши ман. Дилбаронро аз буруни пераҳан бошад хаёл, З-он миён ӯро хаёле дар даруни пераҳан. Мекунад сарв аз фузулӣ пеши он гул по дароз, Эй сабо, чандон ки пояш бишканӣ, бар вай бизан. Гар дарорад сар ба меҳр он зулф, бар рухсор неҳ, Чун мусалмон шуд, бигӯ, зуннор бар оташ фикан. Мо фақирему гадо, донам, надорад гӯши мо, Чун ба зар ӯро тааллуқҳост чун дурри Адан. Нестию тангдастӣ бошадат доим, Камол, Чун надорӣ дил, ки дорӣ даст аз он шириндаҳан. Сӯхтӣ, эй марҳами ҷонҳо, даруни реши ман, Оташе биншон зи дил, яъне нишин дар пеши ман. Шокирам з-инъоми махдуме, ки гуфтӣ бо рақиб: Бештар деҳ бахши ғам бо ошиқи дарвеши ман! Эй, ки ҳам чокар шудӣ, ҳам банда ёри хешро, Гар надорӣ ор аз ин, ёри манӣ, ҳам хеши ман, Ақлро андешаи дур аст азми кӯи дӯст, Хок бар андешаҳои ақли дурандеши ман! Гуфтам: Ар нӯше набошад кам зи неш, он ғамза гуфт: Бо дили маҷрӯҳ то кай ранҷа созӣ неши ман?! Баҳри пайкон дар низоъ афтанд ҷону дил ба ҳам, Гар ба ҷон тире расад аз турки кофиркеши ман. Ёди ҷон кардию дилро аз лаби ҷонон, Камол, Ёд додиву парокандӣ намак бар реши ман.

Сарв мемонад ба қадди ёри ман

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Сарв мемонад ба қадди ёри ман, Хоки пои сарв аз он рӯ шуд чаман. Мекунанд аз лутфи худ бо ту ҳадис Ғунчаву савсан, забон бину даҳан! Гул турову ӯ маро ёри азиз, Сӯҳбати Юсуф беҳ аз сад пераҳан. Зулфи ту доим расантобӣ кунад, То кашад дилҳо аз он чоҳи зақан. Нақди ҷон афшон зи лаб бар хони ишқ, Боз шӯре дар намакдонҳо фикан. То намеоӣ ту пеши ошиқон, Ошиқонро ҷон намеояд ба тан. Хоҳишат дил буд, бурдӣ аз Камол, Ҷони ман, дигар чӣ мехоҳӣ зи ман? Сӯхт ба доғи ғам чунон дил, ки намонд аз ӯ нишон, Пеши ман о, даме нишин, оташи ҷони ман нишон. Бе ту маро зи ташнагӣ омада буд ҷон ба лаб, Дод зи оби зиндагӣ холи лаби туам нишон. То фиканӣ ба зери по ҷони ҷаҳониён ҳама, Даст зи остин бикаш, домани зулф барфишон. Панду насиҳати касон талх кунанд айши ман, Носеҳи талхгӯйро чошние зи лаб чашон. Мастии мо зи чашми ту сар ба ҷунун кашад яқин, Чун ба карашмае аз ӯ ҷумла шудем сархушон. Ман на ба ихтиёри худ меравам аз қафои ту, Он ду каманди анбарин мебарадам кашон-кашон. Баҳри парӣ агар касе уд бар оташ афканад, Сӯхт Камол уди ҷон аз ҳаваси паривашон.

Зи нишоту айш бодо лаби ту ҳамеша хандон

Дата добавления: 05.12.2015 Добавил: Администратор
Зи нишоту айш бодо лаби ту ҳамеша хандон, Шакар аст он, на лабҳо, гуҳар аст он, на дандон! Ба даҳони танг фармо, ки зи ҳуққа марҳаме деҳ, Чу ба ханда тоза кардӣ сари реши дардмандон. Ба ғубор гирди рӯи ту хате навишта дидам, Ки ба ҳусн аз он чӣ будӣ, шудаӣ ҳазорчандон. Қалами мусаввирон, гӯ, сари худ бигиру мерав, Ту биёву сурати худ бинамо ба нақшбандон. Ба бутони оҳаниндил нашавӣ, дило, муқобил, Ки ту обгина дориву наӣ ҳарифи сандон. Чу маҷоли бӯса афтад ба лаби ниёзи сӯфӣ, Туву остини зоҳид, ману остини риндон. Наниҳӣ, Камол, худро зи сагони остонаш, Ки ба пояи бузургӣ нарасанд худписандон. Зери по доманкашон зулфи дутои ӯ бубин, Бар замин афтод чандин сар ба пои ӯ, бубин! Ҷаннати аълову Тубо фикри дур асту дароз, Баргузар з-он кӯю қадди дилрабои ӯ бубин. Тӯтиёро гар хаёли чашм равшан кардан аст, Гӯ, ба чашми мо биёву хоки пои ӯ бубин. Гаҳ ба ғамза ҷанг ҷӯяд, гаҳ ба ораз оштӣ, Ҳар замон бар ину он ҷангу сафои ӯ бубин. Дида раъйи пойбӯси сарви ту дорад чу об, То чӣ ғоят равшану олист рои ӯ, бубин! Дил ҳалоки ҷони худ мехост бе ту дар дуо, Оқибат чун мустаҷоб омад дуои ӯ, бубин! Бо саги кӯяш сари ҳамсӯҳбатӣ дорад Камол, Аз муҳиббон ҳиммати камтар гадои ӯ бибин.

Показаны записи 101-110 из 534