Китъа


Китъа

Ало, эй сӯфии макшуфботин,

Ки бинмоӣ раҳ арбоби вараъро.

Ба ботин сурати фарқи дуогӯй

Чу бинӣ, қатъ кун аз ман тамаъро.

* * *

Он хушписар, ки бурданд дар мактаби низомаш,

Муштоқи ӯст, аз xон дорад варо гиромӣ.

Симинзақан нигоре девони шайх дар даст,

Ё Раб, нигоҳ дораш аз «Хамса»-и Низомӣ.

* * *

Эй булбули хушнағма, зи мо бод саломат,

ҳар мурғ, ки бар сидра ҳамин нағма сарояд.

Номи ту бад-он хурд шуд аз модари фитрат,

К-ин хурдашиносӣ ҳама аз табъи ту зояд.

ҳар нақш, ки дар парда нахуфтӣ зи наю чанг,

Чун моҳи наваш Зӯҳра ба ангушт намояд.

Номи сухани банда баровар ба ғарибӣ,

К-ин кор ғариб асту ба дасти ту барояд.

* * *

Эй он, ки дафтари мо дидӣ пур аз ҳавошӣ,

Донам, ки бо дили худ, гуфтӣ чиҳост инҳо?

Бисёр дида бошӣ хошок бар лаби баҳр,

Аз баҳри шеъри мо ҳам хошокҳост инҳо.

* * *

Эй, чу байте ба байти худ намаде

Хостӣ, гарчи он сазовор аст.

ҳамчу шеърат чаро намедуздӣ

Намади хонақаҳ, ки бисёр аст?

Магар огаҳ наӣ аз ин маънӣ,

Ки намад ҳам зи xинси ашъор аст.

Эй ҳофизи андалебоҳанг,

Овози ту рафта ним фарсанг.

Гар Зӯҳра бар осмон занад уд,

Саҳл аст, ту бар замин бизан чанг!

* * *

Ин хайма сародиқи Камол аст,

Нуқсон зи таноби ӯ гусаста.

Гирди дари ӯ зи субҳ то шом

Асҳоби камол халқа баста.

Зеро ки дар ӯ муқим қутбест,

Автод ба гирди ӯ нишаста.

* * *

Эй зи нами килки шакарбори ту

Тозаву тар боғи суханро ниҳол.

То шуда равшан зи ту оби сухан,

Сард шуда бар дили мардум зулол.

Дида хати шеъри туву гашта сурх

Xадвали девони ман аз инфиол.

Гар ба ҳадоёи муваззаф зи фақр

Менарасад дасти ту чун порсол,

Тӯҳфаам ашъори мухайял фирист,

Аз ту чу қонеъ шудаам бо хаёл.

ҳиммати ту гарчи наёрад фурӯ

Сар ба мақоми мани шӯридаҳол,

ҳаст умедам, ки расонад туро

Пири мукаммил ба мақоми Камол.

* * *

Овози ҳазини Сӯзаниро

Машнав, ки кунанд айби бисёр.

Хушк аст ҳамину тезу борик,

Чун сӯзани хорҳои девор.

Бо фуқоӣ гуфтам аз рӯи мазоҳ,

Бадмуомил нестам ман, эй хасис!

Ваxҳи шарбатҳо, ки додӣ насяам,

Гар фаромӯшат шавад бар ях навис.

* * *

Агар Зӯҳра шунидӣ бонги чангат,

Рубобу барбати худ бо ту медод

В-агар будӣ найе, бар расми тӯҳфа

Ба нохунҳои ту най мефиристод.

* * *

Аз китобат машав, Xалол, малӯл,

Қалами коҳилӣ ба хат даркаш.

Сухани холи худ навис, ки ҳаст

Сухани холу хат навиштан хуш.

* * *

Аз xаноби Рафеъи Довудӣ,

Ки Сулаймон-ш остон бӯсид,

Ба тариқи муомила сӯи шайх

Муддате шуд, ки тӯҳфае нарасид.

Бори дигар зи xомадони умед

Метавон суффи дигаре дуздид.

* * *

Эй толиби маонӣ дар шоирӣ зи ҳар дар,

Дар ҳуxраи Маозӣ чун оиву нишинӣ.

Аз бас тавозуъ ӯро кӯчакдиле шиносӣ,

Лекин бародари ӯ марди бузургбинӣ.*

_________________________________________________

* Бузургбинӣ -биникалон. Дар ин калима лутф аст ва

онро «бузург бинӣ» низ метавон хонд, ки ба маънии

бузугвору хирадманд дарёбӣ аст.А.Суруш.

_________________________________________

Бар сари бемӯ ҳисоми Хилватиро ҳар кӣ зад,

ҳақ ба дасти ӯст, гар фарёду афғон мекунад.

Чун сараш зери кулоҳи бахя аз гармӣ бисӯхт,

Бар мисоли косаи нав бонги пингон мекунад.

* * *

Ба самъи Шайх Муҳаммад, аё сабо, бирасон,

Ки бод пераҳани сабри мо зи дасти ту чок.

Дар ин xаҳон, ки бувад ранxу роҳаташ гузарон,

На дӯстист, ки бошӣ ту шоду мо ғамнок.

Касе, ки ӯ паи дунё зи даст дод диле,

Фурӯхт домани дунё ба камтарин хошок.

Гузашт муддати шаш моҳу қурби соле шуд,

Ки тӯҳфает фиристодам аз ақидаи пок.

Бад-он умед, ки ташрифи банда бифристӣ,

Зи бандагони худу аз касе надорӣ бок.

Шунидаам, ки ҳанӯзат наёмадаст ба даст

Fуломаке, ки сабукруҳ бошаду чолок.

Маро ғулом ба айёми зиндагӣ бояд,

На он ки баъди вафотам бувад муxовири хок.

* * *

Ба маxмаъе, ки даф аз қавли хеш мезад лоф,

Xавоб дод, наяш дар нафас ба бонги баланд.

Ки дар баробари ман, эй фарохи чанбаргӯш,

Зи лутфи лофзанӣ тан зану ба табла маханд.

* * *

Ба мо он сӯфии бубридабинӣ

Ба ғайр аз аxзу мискинӣ надорад.

Нашояд xурми худбинӣ бар ӯ баст,

Ки он бечора худ бинӣ* надорад.

_________________________________________

* «худ бинӣ»-ро «худбинӣ» низ метавон хонд.

__________________________________

Панx байти қитъаат, к-аз Панx ганx омад фузун,

Ман чӣ гӯям, чун Низомиро xавобаш ҳад набуд.

Ту сухан кардӣ равона назди ман, ман банда, он

Гарчи фикри нек буд, он аз ту, ин ҳам бад набуд.

Дар xавоби шеъри чун оби равонат байти ман

Хонаи зин буду моро з-ин равонтар худ набуд.

* * *

Ба най гуфт дар хонақаҳ сӯфие,

Ки доранд xамъе ба бонгат ҳавас.

Най ангушт бар дида бинҳоду гуфт:

Камар бастаам дар қабули нафас.

* * *

Баҳри маънӣ ҳисоми давлату дин,

Эй мафохир, ба гавҳари ту уқул!

ҳалли ҳар мушкиле, ки дар сухан аст,

Карда ба хотири ту ба xумла ҳулул.

Аз муҳиббони худ ба тақсире

Хотири нозукат мабод малул!

Дар аёдат агар тасоҳул рафт,

Ту каримиву узри ман мақбул.

З-он нашуд фурсате ба пурсиши ту,

Ки ба марсия будаам машғул.

* * *

Паҳлавони фуқоӣ ар ногоҳ

Зери ях рафту дод xони нафис.

Писарашро бигӯ: Ба гӯри падар

Баррадаллоҳу мазxаъа* бинавис.

___________________________________

* Худоё, xояшро (мазорашро) сард бигардон!

___________________________________

Бо ман он турки камонабрӯ гуфт

Пеши чашмаш ба забони туркӣ:

Гар туро куштаам, он зинда бубин

Дар миёни ду камони туркӣ.

* * *

Ба самъи Мӯъxазӣ, эй пайки ошиқон, бирасон

ҳадиси шавқи мулоқоту орзумандӣ.

Зи баъд он ки задӣ ҳалқа бар дару худро

Дар он xаноби ҳумоюн чу давлат афкандӣ.

Бигӯяш ин қадар аз ман, ки эй ба рутбату фазл

Гузашта қадри ту аз пояи ҳунармандӣ!

Чӣ гул шукуфт аз инат, ки бар сабили хилоф,

Дарахти меҳру муҳаббат зи бех баркандӣ?

Гар аз танидаи ёре гусаста шуд торе,

Чӣ бошад, ар ба сарангушти афв пайвандӣ.

Маро худ аз ту чӣ нафъу туро зи ман чӣ зарар,

Ки ман туро биписандам, маро ту напсандӣ?

Ба назму наср, гирифтам, ки Саъдии вақтем,

Ки ман зи хоки Хуxандам, ту аз Самарқандӣ.

* * *

Пеши чанги дилхарошат сӯфиёнро, ҳофизо,*

Наъраҳо бояд ба вақти нақш бинмудан задан.

Ардашеру ту агар дар маxлисе оред чанг,

Мардуми маxлис туро хоҳанд фармудан задан.

___________________________________________

* Дар чанд қитъаи Хоxа Камол ба ҳофиз руxуъ шуда,

ки ӯ чангнавозу хушофозе буда ва ӯро набояд бо ҳофизи

Шерозӣ яке донист.А.Суруш.

___________________________________________

Боғест пур аз гули маонӣ

Девони Камол, тозааш дор!

Шеъри дигарон чу хори уштур

Перомуни ӯ фарози девор,

То сунбулу наргисаш начинанд

Дуздони гули риёзи ашъор.

* * *

Баҳри ёрон амирзодаи мо

Гӯспанде харид фарбеҳу хуш.

Зуд боварчиёни матбахи вай,

Гӯ, сипанд афкананд дар оташ.

* * *

Тарки дунёи дун бигир, Камол,

То xаҳонет марди дин хонанд.

ҳар ки дар банди ришу дастор аст,

Хосу омаш ба ҳеч настонанд.

Чун кулоҳ аз сараш нест бузург,

ҳама бар фарқҳош биншонанд.

* * *

Буд вақте Камоли Исмоил

Шарафи рӯзгори аҳли сухан.

Ба камоли ту дар сухан, к-имрӯз

Он Камол ин шариф надошт, ки ман.

* * *

Ба роҳи гарми Бағдод Ибни Салмон

Дар он ҳолат, ки аз xон мебуридӣ.

Набудаш, гӯиё, шеъри падар ёд,

Ки хондӣ он даму бар худ дамидӣ.

* * *

Xуз оҳу нола надорам ба ошиқӣ ҳунаре,

Маро зи дасти ҳунарҳои хештан фарёд.

Зи ашки сурху рухи зард чун зиям бе ғам,

Ки ҳар яке ба дигаргуна дорадам ношод?

Xустам аз ёре нишони он писар,

К-оби ҳайвон аст xӯёи лабаш.

Гуфт: Бегоҳон ба Xайҳунаш талаб,

К-он замон бошад халос аз мактабаш.

Рӯзҳо оям миёни асру шом

Xониби Xаҳуну xӯям лаб-лабаш.

* * *

Xавоби гуфтаҳои мо ба Табрез,

Ки мегӯянд ёрон гоҳу бегоҳ.

Ба пастиву баландӣ менамояд

Ба пеши байти Каъба байти xуллоҳ.

Ту гӯӣ хонақоҳи Хоxа Шайх аст

Ба xанби масxиди Хоxа Алишоҳ.

* * *

Xавоне гуфт бо маҳбуби хушгӯй,

Ки чун бинӣ ҳавохоҳӣ ту ёрам.

Чаро қоғаз начаспонӣ ба бинӣ,

Сиреш ар нест бо қоғаз, ман орам?

Бигуфт: Аз заъфи пириву фақирӣ

Мани мискин сари бинӣ надорам.

* * *

Чим-оқо гуфт аз барои қабри Мир

ҳофизе бояд, ки мо сурночием.

Чун ҳамиди гурба ин маънӣ шунид,

Аз миён барxасту гуфто мо чием?

* * *

Чун Алодини мо ба вақти самоъ

Дар фиғону хурӯш меояд.

Гӯиё, аз ҳарорати ангишт

Деги тӯсӣ ба xӯш меояд.

Чу ҳамдамиву мусоҳиб ба xои чанг, эй най,

Ту он наӣ, ки дил аз сӯҳбати ту баргиранд.

Бигӯ ба соҳиби най, мутрибо, к-аз ин тезӣ

Агар малӯл шавӣ, соҳиби дигар гиранд.

* * *

ҳофизи некхони некнавис,

ҳар ки ҳақ гӯядат, шунав суханаш.

Чангро беш бар канор мазан,

Ба сари худ, ки бар замин бизанаш.

* * *

Чу ҳоxӣ Аҳмади кал аз дари шайх

Xудо афтод, аз ӯ афғон баромад.

Равон ба манзари ӯ ҳоxӣ Найзан

Тарабноку хушу хандон баромад.

Чу тобистон расиду шуд ҳаво гарм,

Каду афтоду бодинxон баромад.

* * *

Чу девони Камол афтад ба дастат,

Навис аз шеъри ӯ чандон ки хоҳӣ.

Хаёлоти латифу лафзу ҳарфаш

Агар хоҳӣ, ки дарёбӣ камоҳӣ.

Зи ҳар лафзаш равон магзар чу хома,

Ба ҳар ҳарфе фурӯ рав чун сиёҳӣ.

* * *

Чу ояд бар дилам андӯҳӣ бевақт

Зи даври дун сабоҳано равоҳан,*

Салоҳи кор нуқл асту майи лаъл

Лаъалилллаҳу ярзақни салоҳан.**

___________________________________

* Субҳу шом.

** Бошад, ки Худо ба ман тавфиқ диҳад.

______________________________

Хоxии кал аз бари мо чун ба сӯи қибла рафт,

Нест ӯ ҳошо ва калло озими Байтулҳаром.

Тосбозиро чу бозорӣ шунид андар Димишқ.

Сар гирифт аз содагӣ бечораву шуд сӯи Шом.

* * *

ҳоxӣ Аҳмад гила мекард, ки дар хона маро

Нест баргу шудаам розӣ аз ин ғусса ба марг.

Гуфтам: Эй каллакаду, фаҳм нашуд ин қадарат,

Ки замистон набувад ҳеч кадухона бабарг.

* * *

ҳисоми качалро яке пири роҳ

Кулоҳе бибахшиду гуфт: Оҳ-оҳ!

Фитод аз сари сабзи ман ин кулоҳ

Ба xое, ки ҳаргиз нарӯяд гиёҳ.

* * *

ҳофизи барбатнавозу чангсоз,

Бо манат аз бенавоӣ xанг чист?!

Аз барои сӯхтан дар зери дег,

Гуфтаӣ, ҳезум надорам. Чанг чист?

* * *

ҳамидак ҳамегуфт бо дӯстон,

Ки Момӯш маҳпайкари дӯстрӯст.

Чу мо гурбаем, эй азизон, чӣ айб,

Ки мо мӯшро дӯст дорем, дӯст?

* * *

Дурри суханам, к-аз ӯ занам лоф,

«Лоф аз сухани чу дур(р) тавон зад».*

Бар фарқи ҳасуди қолибигӯй

«Он хиште бувад, ки бартавон зад».*

_____________________________________

* Ин ду мисраъ моли Низомии Гаxавист.

_______________________________

Ходими ноаҳли Хоразмӣ, ки бод

ҳар ду дандонаш шикаста ҳамчу даст.

Кӯзае, к-аз лутф обаш мечакид,

Ношикаста ташнагии мо, шикаст.

***

Хостам аз ходими матбах ҳисоб

Баррае, к-он кушту бар сепоя бурд.

Гуфт: Бар расми фидо, к-он суди туст

ҳашви он ҳамсояи бемоя бурд.

Пиҳу гурда Хоxии саққо гирифт,

Ширдонро гандапири доя бурд.

Гуфтамаш: Дилро куxо бурдӣ, ки нест?

Гуфт: Дилро духтари ҳамсоя бурд.

* * *

Деҳқони фазл олими пурдон ҳилолидин

Оне, ки xуссаат чу хуми пур зи гандум аст.

Пурдонии ту сохт танатро чу хум бузург,

Танпарварон баранд гумон, к-аз танаъум аст.

Чун ту фақеҳи хушкиву мускир намехурӣ,

Дастори ту ҳамеша чаро бар сари хум аст?

* * *

Дар алафзор ду наъл асби маро рафт зи даст,*

Гар равад роҳ ба оҳистагӣ, ӯро чӣ гуноҳ?

Ин замон ғайри ду наъле чу надорад бар пой,

Тезтар з-ин натавон рафт ба наълайн ба роҳ.

_______________________________________

* Ин қитъа аз нусхаи Давлатободист, бори аввал

ба алифбои имрӯзаи тоxикӣ манзур мегардад.

_______________________________________

Ду Камоланд дар xаҳон машҳур,

Яке аз Исфаҳон, яке зи Хуxанд.

Ин яке дар ғазал адимулмисл

В-он дигар дар қасида бемонанд.

Филмасал дар миёни ин ду Камол

Нест фарқе, магар ба мӯе чанд.

* * *

Дӯш меҳмони лаби xонон шудам,

Узр гуфту миннатам бар xон ниҳод,

К-имшабам чизе чунон дархӯрд нест,

К-он тавон пеши чунон меҳмон ниҳод.

Гуфтам: Он нуқли даҳон бас нест? Гуфт:

ҳеч пеши меҳмон натвон ниҳод.

* * *

Дӣ азизе ба Аллоаддин гуфт,

Ки аз ин нукта шудастам ғамнок,

К-он ки ҳофиз набувад хок хурад

ҳама аъзош, чу ояд ба мағок.

Банда хам ёд бигирад Қуръон,

То ки дар хок напӯсад тани пок.

Гуфтам: Эй бандаи муқбил, ту матарс,

ҳаргиз ангишт напӯсад дар хок.

* * *

Дарёб Камол, он сухани нозуку борик,

Озурда макун хотират аз кас сари мӯе.

Гар бо ту баробар зияд он сӯфии азрақ,

Ёд аст маро дар хақи ӯ байти накӯе:

Бадхоҳи ту худро ба бузургӣ чу донад,

Лекин масал аст ин ки «чанореву кадуе».

* * *

Дӣ ба ман ширинлабе гуфт ин луғат,

Гӯ, ба ман то аҳлу доно гӯямат.

Чист қаббал донию ҳатто ақул,

Гуфтамаш: Бӯсе бидеҳ, то гӯямат.

Дуои ман ин аст дар ҳар намозе,

Ба хилват, ки ё малxаъе ё малозе.

Нигаҳ дор асҳоби завқу тарабро,

Зи чанги Малотиву шеъри Маозӣ.

* * *

Зокири ҳақ, ки дили равшанат аз бедорист,

ҳамдами субҳи саҳархезу хунук xону танат.

Гар ту дар зикреву фикре шуда з-он сон машғул,

Ки дигар ёд наояд зи ману ҳоли манат.

Ман ҳам аз фикр наям холиву зикри ту даме,

Гаҳ ба зикри туаму гоҳ ба фикри суханат.

* * *

Зи банда Хусрави туxxор иxозате мехост,

Ки дар ғазал бибарам номи он дилороро.

Рақиб гуфт: Занам мушту бишканам занахаш!

Мазан ба xони ту, гуфтам, чунин занахҳоро.

* * *

Зи мо, эй сабо, бо Муҳаммад расон,

Худоро, дуруде, ки ӯро сазост.

Бигӯ бо дуруд он гаҳаш дар нуҳуфт,

Ки, эй сози маънӣ зи табъи ту рост.

Гирифтам, ки бошад туро сад гирифт

Ба ҳар як ғазал, к-ихтирое марост.

На охир ғариби диёри туянд,

Туро бо ғарибон хушунат чарост?

Зи бедоди туст ин ҳама бар ғариб,

Ки шеъри ман овораи шаҳрҳост.

* * *

Зарталабон ҳамчу дур ҳалқабагӯш омаданд,

Шукр, к-аз озодагӣ банда дар он силк нест.

Боғ агарам нест, ҳаст нахли маъонӣ басе,

Нахли маро баргу шох xуз варақу килк нест.

Хонаи мулки маро нест ба xуз байти шеър,

Мулки дигар қофияст, қофия худ мулк нест.

Зи шеъри хеш xузвеву каломе,

Ки ҳар як қолибеву бебаҳоянд,

Бад-он ҳазрат фиристодам ба тӯҳфа,

Агарчи садри олиро нашоянд.

Умедам ҳаст, к-аз лутфи ту ҳар ду

Чу ёбанд илтифоте, бар сар оянд.

* * *

Зи заъфу сиҳҳати тан ёри сарфхон аз ман

Суол кард зи лафзе, ки он фасеҳ бувад.

Назар ба xониби қаддаш фикандаму гуфтам:

Алиф муқобили айн аст, чун саҳеҳ бувад.

* * *

Зи фоқаи раҳи пурмеҳнату азоби сафар

Тибоъи мардуми маънӣ бағоятест малӯл,

Ки аз малол ба байте намекунанд шурӯъ,

Ки то нахуст ба байте намекунанд нузул.

Дар ибтидои сафар ман қасидае гуфтам,

Агарчи алсафару қитъа гуфтааст расул.

* * *

Селҳое, к-аз Саҳанд омад, ману ёрон зи Кушк

Мавxи он болову авxи кушк медидем паст.

Шуд ба тоқи ҳар дарича об наздик ончунон,

К-он замон шустем мову ҳар кӣ буд аз кушк даст.

* * *

Суол кард яке аз Алодини гилкор,

Ки ту ғулом наӣ, рӯи ту сиёҳ чарост?

Xавоб дод, ки ҳар мӯрие, ки мо созем,

Чу оташе бикунӣ, майли дуд xониби мост.

Сиёҳрӯии ман оризист, аслӣ нест,

Сиёҳрӯии банда зи дуди мӯриҳост.

Сӯфие илми лӯғат мекард сарф,

Xуз xадал ҳечаш набуд аз илм баҳр.

Дар луғат, гуфто, чӣ бошад мавту самм?

Гуфтамаш: То чанд гӯӣ маргу заҳр?

* * *

Шермардона бигуфтам пандат,

Рӯбаҳе бошӣ, агар напзирӣ.

Бар кас он беҳ, ки нагирӣ оҳу,

Ки сагӣ бошад оҳугирӣ.

* * *

Сайиди оли зар ба қавли расул,

ҳаст феълаш гуво, ки сайид нест.

Сохтаст оли Мустафо худро,

Fолибан ол гар бад-ин маънист.

***

Шоҳро аз фазлу раҳмат подшоҳи зулxалол

ҳам xамоли мулк бахшидасту ҳам мулки xамол.

Доъии xоҳу xамоли ӯ камол асту малак,

Аз салотин нест касро ин камолу ин xамол.

* * *

Соҳибо, мавсими даймоҳ бад-он поя расид,

Ки Зуҳал курсии шашпоя ба ҳезум бифрӯхт.

Бар қади ҳеч кас айём қабое набурид,

К-аз тамаъ чашмаи хуршед ба он чашм надӯхт.

Мекунад бод ба рафтан ҳаракатҳои хунук,

Магар ин шева зи зуҳҳоди риёӣ омӯхт?

Бо ҳама завқи дарун гарм нашуд вақти Камол,

То ки дар хилвати ӯ дамбадам оташ нафурӯхт.

Бар сари нақдаи воме ба дуогӯ бифирист,

Порае ҳезуму ангор, ки он низ бисӯхт.

Табъи ту, Камол, кимиёест,

К-аз вай сухани ту ҳамчу зар шуд.

Девони ту дӣ яке ҳамехонд,

Дидам, ки даҳон-ш пуршакар шуд.

Аз ғояти лутфу обдорӣ

ҳосид суханат шуниду тар шуд.

* * *

Табъи ман ҳар чӣ бисозад ба сари хони сухан,

Қисмати туст, агар неку агар бад созад.

Банда дар ҳар ғазале кард адо қавли Камол,

То ба тасниф туро мӯътақиди худ созад.

* * *

Иморат чаро мекунад Чим-оқо,

Дар ин шаҳри вайрони меҳнатфазой?

Яке хона ӯро магар бас набуд,

Ки ду хона месозад андар Сарой?

* * *

Қитъаи мадҳи ту гар дертарак шуд мактуб,

Авф фармо зи дуогӯ, ки қалам дер кашид.

В-арна он гуфтаи чун об равон буд чунон,

Ки ба бӯсидани хоки қадамат хост давид.

Ту равонии сухан бин, ки зи дарвозаи шаҳр,

То ба хилватгаҳи хоси ту ба се моҳ расид.

* * *

Тосбозе бидидам аз Бағдод,

Чун Xунайд аз сулукаш огоҳӣ.

Рафт дар xубба вақти бозӣ, гуфт:

Лайса фиxxубати сиваллаҳӣ.*

_____________________________________________________

* Нест дар зери xомаам ба xуз бозе (боз – парандаи дастомӯз).

______________________________________________

Кард ҳакиме зи Низомӣ суол,

К-эй ба сари ганxи маонӣ муқим.

ҳаст дар ангушти Камол он қалам,

Ё на асоест ба дасти Калим?

Гуфт: Қалам нест, асо низ нест,

ҳаст калиди дари ганxи ҳаким.

* * *

Касе к-аз ишқ давлатманд гардад,

Бияфзояд ҳазорон эътибораш.

Набинӣ, к-аз таашшуқ булбули маст

Яке мурғ аст, мехонӣ ҳазораш.

***

Камол, ашъори ақронат чу аъxоз,

Гирифтам, сар ба ба сар ваҳйасту илҳом.

Чу холӣ аз хаёли хос бошад,

Хаёл аст он, ки гирад шӯҳрати ом.

* * *

Кисса макун пурзару сим, эй писар,

Киссабуронанд дар ин раҳгузар.

Киссатиҳӣ бошу биосо, Камол,

ҳар ки тиҳикиссатар, осудатар.

* * *

Кардам аз сайиди рогӯй суъоле, ки туро

ҳаст xуз ройю xуз андешаи савдои дигар?

Гуфт: Сад рои дигар бо ту бигӯям фардо,

ҳар шаб андешаи дигар кунаму рои дигар.

Гуфтам: Эй содаи худрой, макун низ чунон

Ки ман аз дасти ту фардо биравам xои дигар.

* * *

Гуфтам: Аз Мисри маонӣ бифиристам бозаш

Сухане чанд, ки ояд ба даҳонаш чу шакар.

Боз тарсидам аз он нукта, ки гӯӣ чу ҳумом:

«Шакар аз Миср ба Табрез маёред дигар».

Гуфт Фарҳод-оқо ба Мирвалӣ

Ки Рашидияро кунем обод.

Зар ба табрезиён ба оxиру санг

Бидиҳем аз барои ин бунёд.

Буд мискин ба шуғли кӯҳканӣ,

Ки зи мӯрони кӯҳу дашт зиёд

Лашкари подшоҳ Туқтомиш

Омаду ҳотиф ин нидо дардод:

Лаъли Ширин ба коми Хусрав шуд,

Кӯҳ беҳуда меканад Фарҳод.

* * *

Гуфт соҳибдиле ба ман, ки чарост,

Ки туро шеър ҳасту девон нест?

Гуфтам: Аз баҳри он, ки чун дигарон

Сухани ман пуру фаровон нест.

Гуфт: ҳарчанд гуфтаи ту кам аст,

Камтар аз гуфтаҳои эшон нест.

* * *

Гуфтаҳои латифи бандаи хеш

Бандаам, гар ба лутф мехонӣ.

Бар мани худписанд низ қалам,

ҳокимӣ, гар ба қаҳр меронӣ.

* * *

Гар гӯшае бисозад султон ҳусейн моро,

Дар қалби шаҳр набвад касро ба мо низоъе.

Бо мутрибони хушгӯ ҳар субҳу шом бошад

Дар гӯшаи ҳусайнӣ ушшоқро самоъе.

* * *

Гила кардӣ,ки зи ранxур накардӣ пурсиш,

Ту бипурс аз мани бедил, ки ба рӯзону шабон

Мӯнисе нест маро дар бару машҳур аст ин,

Дилбаре ҳаст туро дар бару маъруф аст он.

Мо ба тадриx дар мақоми сулук

Хайма дар паҳлуи малак задаем.

Бар сари хони орзу ҳама шаб

Шиками озро намак задаем.

Бар фалак мезанем новаки оҳ,

То бидонӣ, ки мо фалакзадаем.

* * *

Макун, хоxа, ислоҳи шеъри Камол,

Қабул аз ту в-аз банда фармудан аст,

Ки пеши вай ислоҳи шеъре чунин

Ба гил байти маъмур андудан аст.

* * *

Маро ҳаст аксар ғазал ҳафт байт,

Чу гуфтори Салмон нарафта зиёд,

Ки ҳофиз ҳамехонадаш дар Ироқ

Баланду равон ҳамчу Сабъи шидод.

Ба бунёд ҳар ҳафт чун осмон,

К-аз ин xинс байте надорад Имдод.

* * *

Мехурад банги соф муршиди Хоф,

Fофил аз завқи бодаи ғайбист.

Гарчи ашшайх к-аннабӣ гуфтанд

К-аннабӣ нест шайх мо, канабист.

* * *

Матбахи бебарги маро дар сафар

Нест таоме ба xуз ӯмоxи хушк.

ҳамчу сутуне, ки бувад хаймаро

Мегузаронем ба кӯмоxи хушк.

***

Муҳаббати ту, имомо, фарида чун рӯзаст,

Агар ту майли муҳаббат куниву гар накушӣ.

Камол, гӯ, ба таровеҳ баъди фарзи ашо,

Ман аз ту рӯй напечам, ки мустаҳаби манӣ.

Мӯрие, к-он Алоудин бикашад,

Гар кашад дуд, бошад амри муҳол.

Чораи ин зи пири банное,

Рафт шармандагуна кард суол.

Пир гуфто: Манат диҳам таълим,

Гар нагирад табиати ту малол.

Мӯр пеши даҳони оташдон

Бе гулу нек нест дар ҳама ҳол.

Гуфт: Ман мӯрии ҳама касро

Бегулӯ кор кардаам ҳама сол.

* * *

Мо зи ташрифи Мир Абдуллоҳ

Нек осудаву қавӣ шодем.

Нест моро зи сӯҳбаташ гилае,

Лекин аз гӯши ӯ ба фарёдем.

* * *

Маро ёр аз шаккаристони мушкин

Ду оҳубарраи мискин фиристод.

Чу афтоданд дур аз сабзаву об,

Ба саҳрои адамшон рахт афтод.

Гар оҳубаррагонро кард аxал сайд,

Бақои оҳувони чашми ӯ бод!

* * *

Маойибе, ки дар ашъори Хоxа Ассор аст,

Навишта он ҳамагӣ дар даруни девонҳост.

Xадовиле, ки ба сурхӣ кашид дар девон,

На xадвал аст ба маънӣ, ки хуни девонҳост.

* * *

Муншии чархрову туро, эй фариди аср,

Бо он ки ҳар ду наxм гирифтаанд торамӣ.

Бошад тафовуте зи замин то ба осмон

З-он наxм то ба рутубати ин Наxми Торамӣ.

Накҳати пироҳанат омад ба ман,

Ёфтам xони наве з-он роиҳа.

Хонда будам фотиҳа васли туро,

Шуд қабул, алҳамдуллиллаҳ, фотиҳа.

* * *

Нишаста бар дари ҳаммом дидам он маҳро,

Ба маҳрухони дигар, гуфтамаш зи баъди салом,

Агар ту одамиӣ, эътиқоди ман ин аст,

Ки дигарон ҳама нақшанд бар дари ҳаммом.

* * *

Най ба овози уд гуфт нуҳуфт,

ҳама чашмем, то бурун оӣ.

Уд гуфташ, ки, ростӣ, мо низ

ҳама гӯшем, то чӣ фармоӣ.

* * *

Вақт аст, ки устоди сухан заргарӣ маънӣ

Монанди зар аз бӯта ба мо соф барояд.

К-он нек набошад, ки зи сандуқи замирам,

Зар дуздаду бо ман ба тарозу нигирояд.

Шак нест, ки иқбол дарояд зи дари ман,

Гар рои муборак ба сафо майл намояд.

* * *

ҳафт байт омад ғазалҳои Камол,

Панx ганx аз лутфи он ушри ашир.

ҳафтбайтиҳои ёрон низ ҳаст,

ҳар яке поку равону дилпазир.

Лек аз ҳар ҳафташон ҳак карданист

Чор байт аз аввалу се аз ахир.

ҳафт байт омад ғазалҳои Камол,

Панx ганx аз лутфи он ушри ашир.

ҳафтбайтиҳои ёрон низ ҳаст,

ҳар яке поку равону дилпазир.

Лек аз ҳар ҳафташон ҳак карданист

Чор байт аз аввалу се аз ахир.

* * *

Яке шеъри Салмон аз ин банда хост,

Ки дар дафтарам з-он сухан ҳеч нест.

Бад-ӯ гуфтам ин гуфтаҳои чу об,

К-аз он сон дуре дар Адан ҳеч нест.

Ман аз баҳри ту менавиштам, вале

Суханҳои ту пеши ман ҳеч нест.